Ибрози тамоили Толибон ба ҳалли масоили Афғонистон аз роҳи гуфтугӯ
Толибон дар паёме ба муносибати Иди Саиди Қурбон, ба ҳалли масоил ва мушкилоти Афғонистон аз роҳи гуфтугӯ ибрози тамоил кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муллоҳабатуллоҳ, ки дар раҳбарии гурӯҳи Толибон қарор дорад, дар паёми худ хотирнишон кард, муттаассифона тарафи муқобил ( давлати Афғонистон ) фурсатҳоро аз даст медиҳад. Беҳтар он аст ба ҷои иттико ба хориҷиҳо, худамони мушкилотро ҳал кунему кишварро аз вазъияти кунуни наҷот диҳем.
Муллоҳабатуллоҳ зимни истиқбол аз хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон афзуд, Толибон аз ҳар фурсате барои таъмини сулҳ истиқбол мекунад .Ин мақоми Толибон бо ишора ба пешрафт дар музокироти сулҳ афзуд, мо барои пешрафти ин музокироти дафтари сиёсии худро дар Қатар гушудаем тиме коромадро барои музокирот таъин кардаем. Музокироти сулҳи байни тарафҳои афғон дар баҳбуҳаи набардҳои байни ин гурӯҳ ва нерӯҳои давлатӣ , дирӯз шанбе дар Дуҳа аз сар гирифта шуд.
Бештар бихонед: