Имзои ислоҳияи қонуни судури раводид дар Қирғизистон
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ислоҳияҳои қонуни ин кишвар дар мавриди бекор кардани раводид барои шаҳрвандони бархе кишварҳо то 60 рӯзро имзо кард.
Садир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон ин қонунро бо ҳадафи таҳкими равобити васеи дуҷониба бо теъдоде аз кишварҳо ва кумак ба иртиқову тақвият ва рушди гардишгарӣ имзо кард.
Тибқи ин қонун, кишварҳои Албания, Булғористон, Ветнам, Кипр, Мақдунияи шимолӣ, Руминия, Таиланд ва Мексика аз кишварҳое ҳастанд, ки шаҳрвандони онҳо метавонанд то 60 рӯз бидуни раводид дар Қирғизистон иқомат кунанд.
Ҳамчунин дар ин қонун табсирае гунҷонида шудааст, ки тибқи он давлат ва ниҳодҳои иҷроии амнияти миллӣ, ҳифозат аз саломати шаҳрвандонро тазмин мекунад.
Бар асоси ин табсира, ҳукумати Қирғизистон ҳақ дорад ба таври комил қонуни бидуни раводид (виза) -ро барои вуруд ба кишвар, бар асоси пешниҳоди мувофиқатшудаи ниҳодҳои муҷози давлатӣ фароҳам оварад.