Сафари фаъолони иқтисодии вилояти Хатлон ба Узбекистон
Июл 25, 2021 10:23 Asia/Dushanbe
Теъдоде аз фаъолони иқтисодии вилояти Хатлон барои баррасии роҳҳои густариши ҳамкории ин минтақа ба Узбекистон сафар карданд.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин ҳайат ба раёсати Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон тайи сафари ду рӯза ба вилояти Сурхондарёи Узбекистон бо мақомоти ин минтақа дидор ва гуфтугӯ карданд.
Онҳо ҳамчунин аз теъдоде марокизи саноатӣ ва кишоварзӣ низ боздид карданд.
Боздид аз минтақаи озоди иқтисодии Тирмиз, марказ интиқоли коло ва бозори бузурги марказии вилояти Сурхондарё аз барномаҳои рӯзи аввали сафари ин ҳайати тоҷикистонӣ ба Узбекистон буд.
Қарор аст, мақомоти ду устон дар поёни ин сафар чанд санади ҳамкорӣ имзо кунанд.
Бештар бихонед:
Барчасп