Омодагии Қазоқистон барои кумак ба афзоиши амнияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон
Вазири дифои Қазоқистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои тоҷикистонии худ, омодагии Нурсултонро барои кумак ба амнияти марзии ин кишвар бо Афғонистон эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Нурлан Ермекбоев, вазири дифои Қазоқистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар мавриди авзои марзии ин кишвар бо Афғонистон ва кумаки Нурсултон ба Душанбе барои муқобила бо хатароту чолишҳои амниятӣ, ройзанӣ карданд.
Нурлан Ермекбоев ва Шералӣ Мирзо мавзӯоти марбут ба нишасти пешорӯи вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанберо баррасӣ карданд.
Бар асоси гузоришҳои майдонӣ, Толибон аз ду моҳи пеш то кунун даҳҳо ноҳияро дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон, ҳамзамон бо оғози хуруҷи низомиёни хориҷӣ тасарруф карда ва ё дар бархе аз онҳо ҳамчунон шадидан бо нерӯҳои давлат даргир ҳастанд.