Сармоягузории 105 милиондолларии Туркия барои сохти нерӯгоҳ дар Ӯзбекистон
(last modified Sat, 31 Jul 2021 07:19:09 GMT )
Июл 31, 2021 12:19 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории 105 милиондолларии Туркия барои сохти нерӯгоҳ дар Ӯзбекистон

Туркия барои сохт як нерӯгоҳи газӣ дар Узбекистон 105 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Ин нерӯгоҳи газӣ зарфияти тавлиди 174 мегаватт барқ дорад.

Бар асоси тафоҳумномаи имзо шуда, ин ширкати тарроҳӣ, таъмини молӣ, сохт ва баҳрабардорӣ аз ин нерӯгоҳи Ротӣ 25 соли оянда бар ӯҳда дорад ва тарафи ӯзбекӣ низ ба мақомоти Туркия тааҳуд доданд, ки то 25сол аз ин нерӯгоҳ барқ бихаранд.

Қарор аст, Узбекистон то поёни соли ҷории милодӣ 8 нерӯгоҳи тавлиди барқро баҳрабардорӣ кунад.

Туркия яке аз муҳимтарин шарикони тиҷории Узбекистон дар минтақа аст.

Мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар соли 2020, 2 миллиарду 100 миллион доллар буд.

Ҳамакнӯн дар Узбекистон 1611 ширкат бо сармояи сармоягузорони Туркия фаъолият мекунанд.

Туркия истиқлоли Узбекистонро 16 декабри соли 1991 ба расмият шинохт.

 

Бештар бихонед: