Июл 31, 2021 12:51 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷангҷӯёни хориҷӣ дар манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон

Узви Шӯрои мусолиҳаи Афғонистон гуфт, ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар манотиқи марзии Бадахшон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Шафақно”-и Афғонистон, Фавзия Кӯфӣ, намояндаи пешини мардуми вилояти Бадахшон дар маҷлиси Афғонистон  ва узви Шӯрои олии масолиҳаи миллии ин кишвар мегуӯяд, ҷангҷӯёни хориҷӣ ба ҳамроҳи хонавода дар навоҳии марзии Бадахшон бо Тоҷикистон ҳузур доранд.

Вай ҳушдор дод, агар ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Бадахшон тӯлонӣ муддат шавад, таҳдидҳо ва ноамниҳо дар кишвар афзоиш хоҳад ёфт.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ҳам пеш аз ин эълом карда буд, дар сурате, ки Толибон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатаре эҷод кунад бо посухи қотеъи Русия мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Вазири дифои Русия гуфт, теъдоде аз аъзои гурӯҳи ДИИШ аз Сурия ва Либиё ба Афғонистон мунтақил шуданд.

Бештар бихонед: