Июл 31, 2021 19:20 Asia/Dushanbe
  • Оғози тавлиди ваксинаи Спутник Ви дар Узбакистон

Узбакистон тавлиди ваксинаи Спутник Вии русиро дар озмоишгоҳи Ҷурабек дар Алмалик оғоз кард.

Ба гузориши хабаргузории Тренди Озарбойҷон, Баходир Юсупалиев, раиси Хадамоти саломатӣ ва маркази эпидемиологияи беҳдошт ва рифоҳи умумии Узбакистон гуфт, аввалин маҳмулаи ин ваксинаи коронаии тавлидшуда ва ба маркази миллии эпидемиология ва микробиологияи Гамалия дар Русия барои баррасии кайфӣ фиристода шудааст.

Ин мақоми беҳдоштии Узбакистон гуфт, ин як раванди зарурист ва дар ҳамаҷо низ анҷом мешавад, акнун мунтазири натоиҷ баррасӣ ҳастанд ва пас аз он метавонанд тавлиди анбуҳро шуруъ кунанд.

Вай афзуд, дар марҳалаи аввал ваксина бо маводи хоми русӣ тавлид хоҳад шуд ва сипас чархаи тавлиди комил аз маводи дохилӣ сурат мегирад.

Бештар бихонед: