Август 02, 2021 18:51 Asia/Dushanbe
  • Кашфи лӯлаи интиқоли сӯхти қочоқ дар ноҳияи марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон

Хадамоти марзбонии Қирғизистон яке аз масирҳои интиқоли сӯхти қочоқ ба Тоҷикистонро кашф кард.

Ба гузориши сомонаи “АКИ Пресс”, марзбонони посгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд ҳангоми гаштзании шабона лӯлаҳои интиқоли қочоқи сӯхт аз ин минтақа ба ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистонро кашф карданд.

Ин лӯлаҳо, ки бар рӯйи канали об қарор гирифтааст, барои интиқоли сӯхти қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон аз он истифода мешуд.

Бо вуҷуди баста шудани тамоми гузаргоҳҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон, пас аз даргирии 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ, мақомоти марзбонии қирғиз муътақиданд, ки интиқоли сӯхт, меваву сабзиҷот ва масолеҳи сохтимонии қочоқ миёни ин ду кишвар ҳамчунон идома дорад.

 

Бештар бихонед: