Дидори ғайрирасмии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон
Раисони ҷумҳурии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон ба сурати ғайрирасмӣ бо якдигар дидор карданд.
Раисони ҷумҳурии Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ки бо ҳадафи баргузории нишасти машваратии сарони Осиёи Марказӣ дар Ашкобод гирдиҳам омаданд, ба сурати ғайрирасмӣ бо якдигар дидор карданд.
Бинобар суханони сухангӯи раиси ҷумҳурии Қазоқистон, Қосим Ҷоомарт Тоқаев, Қурбонқули Бердимуҳаммедов, Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Садир Ҷабборов, раисони ҷумҳурии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври ғайрирасмӣ дар соҳили дарёи “Хазар” бо якдигар мулоқот карданд.
Раисони ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ҳамчунин аз минтақаи гардишгарии миллии “Овоза” дар наздикии шаҳри Туркманбошӣ ҳам дидан карданд.
Бояд гуфт, ки раиси ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи гузашта бо ҳадафи ширкат дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба мизбонии Туркманистон имрӯз барпо мешавад, вориди ин кишвар шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ду рӯзи пеш вориди Туркманистон шуда буд.
Сухангӯии раиси ҷумҳурии Қазоқистон қабл аз ин эълом карда буд, ки дар чорчӯби ин сафар Тоқаев теъдоде мулоқотҳои дуҷониба бо ҳамтоёни Осиёи Марказии худ анҷом медиҳад.
Илова бар ин, ширкаткунандагони ин иҷлос қасд доранд ба таври муштарак аз намоишгоҳи колоҳои миллӣ ва консерти устодони ҳунари минтақаи Осиёи Марказӣ боздид кунанд.