Август 08, 2021 13:12 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвозҳои масири Риёз - Тошканд - Риёз

Ширкати ҳавопаймоии Flynasи Арабистони саъӯдӣ нахустин парвози худро дар масири Риёз - Тошканд - Риёз анҷом дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ҳавопаймои ин ширкати саъӯдӣ дар фурудгоҳии байналмиллалии шаҳри Тошканд фурӯд омад . Чанд нафар мусофир, ки дар байни онҳо намояндагони ширкати RUH ва созмони Flynasи Management низ қарор доштанд, савори ин ҳавопаймо буданд .
Намояндагони вазорати гардишгарӣ ва варзиши Узбекистон аз ин парвози ширкати ҳавопаймоӣ истиқбол карданд .
Ҳадаф аз анҷоми парвозҳо байни Риёз ва Тошканд афзоиши теъдоди гардишгарони хориҷии сафаркунанда ба Узбекистон, тавсеъаи ҳамлу нақл, афзоиши парвозҳои хориҷӣ ва дохилӣ ва кайфияти хадамоти ҳамлу нақлӣ аст .
Таъкид шуд ки бо тавваҷуҳ ба роҳандозии парвозҳои муназзами Flynas теъдоди гардишгарон ба Узбекистон афзоиш хоҳад ёфт .

 

Барчасп