Август 11, 2021 17:27 Asia/Dushanbe
  • Владимир Жириновский
    Владимир Жириновский

Раиси ҳизби либерал-демократи Русия дар робита ба ҳамла ба фурӯшандаи русзабон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, изҳор дошт, ки бояд фавран сафири Русия аз Бишкек фаро хонда шавад ва тамоми робитаҳо бо ин кишвар қатъ гарданд.

Ба гузориши сомонаи “Sputnik”, Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия ахиран пешниҳод кардааст, ки сафири Русия аз Қирғизистон бояд фавран фаро хонда шавад.

Сиёсатмадори рус ин иддаои худро ба ҳамла ба фурӯшандаи русзабон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рабт додааст.

Вай афзудааст: Бозхонд бояд фавран сурат гирад ва ҳамчунин ҳамаи робитаҳои тиҷории Русия бо Қирғизистон қатъ карда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран як муштарии маркази дилхушии “MagicCity” дар Қирғизистон, аз ходими русзабони ин марказ тақозо кардааст, ки бо забони қирғизӣ суҳбат кунад ва мошинҳисобро ба самти ходими русзабон андохтааст.

Жириновский пешниҳод кардааст, ки бояд пушти дари сафорати Қирғизистон дар Русия гирдиҳамоӣ ташкил шавад ва худи ӯ шахсан ҳозир хоҳад шуд ва қотеъона талаби ихроҷи муҳоҷирони қирғиз аз Русияро матраҳ хоҳад кард.

Владимир Жириновский бо ибтикороти аҷиби худ маъруф аст. Вай гоҳо ба ихроҷи коргарони муҳоҷирони хориҷӣ аз Русия таъкид мекунад ва гоҳе пешниҳод мекунад, ки маҳалли сукунати коргарони хориҷӣ дар Русия бояд деҳаҳои холӣ аз сокинони русӣ интихоб шавад ва боре ҳам хостори идеяи қисмате аз Русия будани кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.    

Ахиран Владимир Жириновский пешниҳод карда буд, ки ҳамаи русҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия кӯчонида шаванд.

 

Барчасп