Август 13, 2021 15:41 Asia/Dushanbe
  • Контроли Толибон бар Қандаҳор ба далели фирори артиши Афғонистон

Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон далели суқути Қандаҳорро заъф дар нерӯҳои артиши Афғонистон, ки тавассути НАТО ва Амрико омӯзиш дидаанд, номид.

Замир Клбулов, намояндаи вижаи раёсати ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон имрӯз (ҷумъа) дар бораи охирин таҳаввулоти Афғонистон изҳор дошт: Тасарруфи Қандаҳор дар натиҷаи набарде бо муқовимати шуҷоонаи нерӯҳои афғон набуд, зеро артиши Афғонистон, ки амрикоиҳову НАТО онҳоро омӯзиш додаанд, по ба фирор гузоштанд.

Изҳороти ин дипломати рус дар ҳоле аст, ки пеш аз ин рӯзномаи амрикоии “Вашингтон пост” ба нақл аз мақомҳои огоҳи кунунӣ ва пешини Амрико гузориш дод: Давлати Байден худро барои суқути Кобул, пойтахти Афғонистон бисёр зудтар аз он чӣ чанд ҳафтаи пеши бими он мерафт, омода мекунад.

Толибон аз моҳи апрел дар ҳоле ки нерӯҳои хориҷӣ пас аз 20 сол хуруҷи худро аз Афғонистон такмил мекунанд, ҳамалоташро барои шикасти давлати Кобул афзоиш додааст.

Бинобар гузориши бархе манобеъ, дар ҳоли ҳозир ин гурӯҳ ҳудӯди ду сеюми хоки Афғонистонро дар контроли худ дорад.

Ба гузориши телевизиони “Алҷазира”, сухангӯи Толибон муддаӣ шуд, ки суқути шаҳрҳои бузург нишонаи истиқболи афғонҳо аз Толибон аст ва афзуд, ки онҳо дарҳои масири сиёсиро намебанданд.

 

Бештар бихонед: