Эъломи омодагии Қазоқистон барои пазириши паноҳҷуёни Афғонистон
Август 16, 2021 16:31 Asia/Dushanbe
Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар баёнияе барои пазириши паноҳҷӯёни афғонистонӣ эъломи омодагӣ кард.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо аз Алмаато, Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон ҳамчунин эълом кард: Авзоъ дар Афғонистон ба сурати соъатӣ тағйир мекунад ва суҳбат дар бораи як тасмими қатъӣ бисёр зуд аст.
Ҳамчунин Қосим Жоомарт Токаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар паёме твиттерӣ дастур дод: Иқдомоти лозим ҷиҳати саломатии шаҳрвандону дипломатҳои Қазоқистон дар Афғонистон анҷом шавад.
Бештар бихонед:
- Омодагии Қазоқистон барои кумак ба афзоиши амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон
- Дархости Қазоқистон аз мақомоти Тоҷикистон барои кумак ба рафъи мушкили камбуди об
- Қазоқистон: Дар ҳолати омодабош тамоми таҳаввулоти Афғонистонро расад мекунем
Барчасп