Август 19, 2021 17:42 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Вазорати умӯри хориҷаи Туркманистон дар мавриди Афғонистон

Вазорати умури хориҷаи Туркманистон бо судури баёнияе дар мавриди Афғонистон унвон кард : Ишқобод ҳамвора алоқаманд ба суботу амнияти сиёсии дохилии Афғонистон ва рифоҳи мардуми ин кишвар будааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин баёния омадааст : Вазорати умӯри хориҷаи Туркманистон аз наздик вазъият ва рӯйдодҳои Афғонистонро зери назар дорад ва дар ин замина тарафи туркман таъкид мекунад, ки бар асоси усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамчунин бар асоси иштирокоти торихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии мардуми ду кишвар ҳамвора алоқаманд ба суботу амнияти сиёсии дохилии Афғонистон ва рифоҳи мардуми бародари ин кишвар буда ва ҳаст .
Дар айни ҳол  Туркманистон пойбанд ба ҳалли мусолиматомези ҳамаи масоили Афғонистон аз тариқи абзорҳову равишҳои сиёсӣ ва дипломатӣ аст .
Ишқобод расман хостори оддисозии зудҳангоми вазъият дар Афғонистон аст ва ибрози итминон мекунад, ки ниҳодҳои давлатии ҷадид дар ин кишвар дар ояндаи наздик дар заминаи ҳуқуқӣ ва бо мушорикати густардаи ҳамаи ақвоми сокин дар Афғонистон ин оддисозӣ шакл мегирад .
Туркманистон ба унвони ҳамсояи Афғонистон ва кишваре бо вазъияти бетарафии доимӣ, ки тавассути Созмони Миллали Муттаҳид ба расмият шинохта шудааст, мутобиқи усул ва ҳанҷорҳои маншури Созмони Миллали Муттаҳид ба фаъолиятҳои худ бо ҳадафи ироаи кумакҳои ҷомеъ ба мардуми Афғонистон дар эҷоди сулҳ, тавофуқи маданӣ ва субот дар кишвар  тавсеъаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона ба ин кишвар кумак хоҳад кард .
Вазорати умӯри хориҷаи Туркманистон эълом мекунад, ки сафорати ин кишвар дар Кобул ва сарконсулгариҳо дар шаҳрҳои Ҳирот ва Мазори Шариф ба фаъолияти оддии худ идома медиҳанд . Дар айни ҳол муҳити берунии сохтмонҳои сафоратхонаҳову консулгариҳо тавассути намояндагони ҷумбиши Толибон муҳофизат мешавад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп