Таъкиди Толибон бар лузӯми хурӯҷи Амрико аз Афғонистон дар мавъиди муқаррар
Сухангӯи Толибон таъкд кард, Амрико бояд ба ваъдаи худ барои хурӯҷ аз Афғонистон дар мавъиди муқарар, амал кунад.
Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Давҳаи Қатар гуфт, ҳузури бештари низомиёни Амрико дар Афғонистон на ба нафъи онон ва на ба нафъ мост ва Амрико ин имконотро дар ихтиёр дорад, ки битавонад дар замони муқарар аз Афғонистон хориҷ шавад.
Наим бо ишора ба инки Толибон хоҳони барқарории равобити мусбат бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳалли мушкилот аз тариқи музокира аст, афзуд, дидору музокироти ин гурӯҳ бо бархе тарафҳои афғон бо ҳадафи ройзанӣ бо онҳо ва касби итминон аз вазъи амниятии ин тарафҳо ва ин ки мушкилоте надошта бошанд, дар ҷараён аст.
Саҳил Шоҳин, дигар сухангӯи Толибони низ гуфт, таъхир дар хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ ва амрикоӣ аз Афғонистон барои Амрико пайомадҳои манфӣ хоҳад дошт.
Изҳороти сухангӯёни Толибон дар бораи зарурати хурӯҷи Амрико аз Афғонистон дар мавъиди муқарари 31 моҳи август ҳокӣ аз он аст, ки ин гурӯҳ ҳозир нест ба ҳар баҳонаи эҳтимоле, ки Кохи Сафед онро матраҳ кунад, ин замонро ба таъвиқ биандозад.
Ба хусӯс онки Саҳил Шоҳин аз сухангӯёни Толибон дар бораи пайёмадҳои нақзи зарбулаҷали хурӯҷ аз Афғонистон ба давлати Амрико ҳушдор додааст.
Ин нигаронӣ дар байни аъзои аршади Толибон вуҷӯд дорад, ки чунончӣ ба ҳар далиле замони таъин шуда барои хурӯҷи Амрико аз Афғонистон бо таъхир мувоҷеҳ шавад, мумкина аст дар асари таҳаввулоти дохилӣ ва ҳамчунин тағйироти пешбинӣ нашуда дар сиёсатҳои минтақаии Кохи Сафед, ин хурӯҷ аз дастури кор хориҷ шавад ва ҳато Амрико барномаи тозае барои мондан дар Афғонистон дар пеш бигирад.
Бар ҳамин асос аст, ки мақомоти Толибон хостори хурӯҷи Амрико дар муҳлати таъин шуда ҳастанд ва дар бораи нақзи ин муҳлат низ ҳушдор додаанд.
Толибон, ки тавонистанд дар 15 август пас аз тасарруфи марокизи вилояти мухталифи Афғонистон, Кобулро низ таҳти тасаллути худ қарор диҳанд, худро дар мавқеияти бартаре қарор додаанд ва мутобиқи ин шароит хостори он аст, ки ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ шомили низомиёни амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон хориҷ шаванд.
Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, ки чандмоҳи пеш тасмим гирифт то қабл аз сентябри 2021 ҳамаи нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кунад, дар ҳоли ҳозир ва бо таваҷҷуҳ ба тағйироти сареъи сиёсӣ дар ин кишвар ношӣ аз суқути давлати Ашраф Ғанӣ ва тасаллути комили Толибон бар Афғонистон, ин эҳтимолро матраҳ карда, ки мумкин аст бо тулонӣ шудани раванди тахлияи шаҳрвандони амрикоӣ, низомиёни ин кишвар ҳатто пас аз 31 август ҳам дар Афғонистон бимонанд.
Пас аз тарҳи ин мавзеи раисиҷумҳури Амрико, аммо Толибон мегӯянд, ин кишвар ҳамаи имконот ва зери сохтҳои лозим барои хориҷ кардани атбои худ аз Афғонистон то 31 августро дорад ва тулонӣ шудани ин раванд пазируфтанӣ нест.
Ин дидгоҳ вуҷӯд дорад, ки давлати Амрико низ бо тавваҷуҳ ба шароити ба шиддат бесубот дар Афғонистону адами пешбинипазирии рафторҳои Толибон дар арсаи ҳукуматдорӣ дар ин кишвар, раванди интиқолу тахлияи атбои худ аз Афғонистон суръат бахшад ва дар замони таъин шуда нерӯҳои низомии худро, ки масъулияти интиқоли атбоъро доранд аз ин кишвар хориҷ кунад.
Ба назар мерасад, дар шароити кунӯнӣ, ки Толибон дар мавқеияти бартаре қарор доранд, амрикоиҳо риски иқдоме, ки вокуниши ғайри қобили пешбинии ин гурӯҳро барангезад, намепазиранд ва талош доранд то пеш аз вуқуъи иттифоқи нохушоянд барои атбоъ вва низомиёни худ хоки Афғонистонро тарк кунанд.
Бештар бихонед: