Ҳамкории дуҷониба; меҳвари гуфтугӯи мақомоти Ҷопону Туркманистон
(last modified Sun, 29 Aug 2021 04:11:31 GMT )
Август 29, 2021 09:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории дуҷониба; меҳвари гуфтугӯи мақомоти Ҷопону Туркманистон

Дар дидори муовини вазири хориҷаи Туркманистон ва сафири Ҷопон дар ин кишвар тарафайн дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,  Берди Ниёзматов-муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон бо Ҳируёки Ёмомуто- сафири Ҷопон дар Ишқобод дидор кард .
Дар ин гуфтугӯи созанда ду тараф роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд .
Дар ин дидор таъкиди вижае бар иҷрои тавофуқот дар сафари ҳайати Туркманистон ба Токио ба раёсати  Сардор Бердимуҳаммадов-муовини раиси кабинаи вазирони Туркманистон шуд .
Асноди дуҷонибаи имзошуда дар ин сафар  дар заминаҳои банкӣ ва сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, фанноварӣ ва ҷода аст .