Нахустин шарҳи вазири таҳсилоти олии Толибон
Август 29, 2021 20:43 Asia/Dushanbe
Раҳбари Вазорати таҳсилоти олии Толибон гуфт, ки донишҷӯёни мард ва духтар бояд алоҳида таҳсил кунанд.
Ба гузориши радиои "Садои Хуросони Тоҷикистон", Абдулбақии Ҳаққонӣ, ки аз сӯи Толибон ба ҳайси раҳбари вазорати таҳсилоти олӣ таъйин шудааст, дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфтааст, ки барои фароҳам овардани фазои амн синфҳои писарону духтарон бояд аз ҳам ҷудо шаванд.
- Ҳаққонӣ афзуд: "Омода кардани муҳити омӯзишӣ бар асоси шариати исломӣ яке аз барномаҳои муҳими таълимист, ки бояд иҷро шавад."
- Ба гуфтаи ӯ, довталабоне, ки дар соҳаҳои гуногун таҳсил мекунанд, бояд дар асоси ниёзҳои миллӣ ва мазҳабии кишвар қабул карда шаванд.
Дар охир ӯ аз профессорон ва кормандони Вазорати таҳсилоти олӣ даъват намуд, ки фаъолияти худро мисли пешина идома диҳанд.
Барчасп