Август 31, 2021 08:50 Asia/Dushanbe
  • Баҳси марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон
    Баҳси марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон эълом кард, музокирот барои аломатгузории навоҳии марзи муштарак бо мақомоти Тоҷикистон идома дорад.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Содир Ҷабборов дар дидор бо сафирон ва намояндагони сиёсии кишварҳои хориҷии муқими Қирғизистон, ба муносибати сиюмин солгарди истиқлоли Қирғизистон гуфт: Бар сари аломатгузории 50 дарсад аз навоҳии марзи 970 километрӣ бо мақомоти Тоҷикистон тавофуқ шудааст.

Вай таъкид кард, музокироти марзӣ бо Тоҷикистон бисёр печида аст ва мақомоти ду кишвар бояд барои ҳалли ихтилофот иродаи сиёсии ҷиддӣ дошта бошанд.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Тоҷикистон низ мегӯянд, бар сари аломатгузории 519 километр аз марзи муштараки 970 километрӣ бо Қирғизистон тавофуқ шудааст.

Ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз вуқӯи даргирии 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ ва куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёде аз низомиён ва сокинони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд шиддат ёфт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп