Август 31, 2021 19:23 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии Толибон ва вазирони корҳои хориҷӣ

Ба зудӣ вазирони умури хориҷӣ ва дифои Толибон эълом хоҳанд шуд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, як манбаъи хабарӣ дар гурӯҳи Толибон гуфтааст, ки дар бораи ташкили кобинаи ҳукумати ояндаи Афғонистон созиш ҳосил шудааст ва ба зудӣ номҳои кобина эълон хоҳанд шуд.

Бино бар ин, "Мулло Абдулғанӣ Бародар" вазири умури хориҷӣ ва "Ёқуб Муҳаммад Умар" вазири дифоъ таъин хоҳанд шуд.

Манбаъ қайд кард, ки Мавлавӣ Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, писари халифаи Ҳаққонӣ, дар ҳукумати ояндаи Афғонистон вазири корҳои дохилӣ таъин карда мешавад.

Толибон қаблан гуфта буданд, ки машваратҳо дар бораи ташкили ҳукумат дар Афғонистон ба поён расидаанд ва натиҷаҳо ба зудӣ эълон хоҳанд шуд.

Маълумоти бештар:

Барчасп