Ноябр 05, 2016 11:23 Asia/Dushanbe
  • Бетаваҷҷуҳии Тоҷикистону Қирғизистон нисбат ба тавлиди колои дохилӣ

Бонки Рушди Авруосиё дар гузорише эълом кард, ки аз миёни кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистону Қирғизистон ба тавлиди маҳсулоти саноатӣ барои таъмини ниёзи бозори дохилии худ камтаваҷҷуҳ ҳастанд.

Ба гузориши сойти Бонки Рушди Авруосиё, баррасии ниёзи бозори дохилии кишварҳои узви ИДМ дар соли 2016 нишон дод, ки бахши умдаи ниёзи мардуми Тоҷикистону Қирғизистон ба маҳсулоти саноатӣ аз маҳалли воридот, аз хориҷ таъмин мешавад. Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон 66 дарсади мардум ва дар Қирғизистон 52 дарсад ҳангоми харидани колоҳои саноатӣ маҳсулоти русиро дар авлавият қарор медиҳанд.

Коршиносон иллати зиёд будани тақозои маҳсулоти саноатии Русияро дар бозори дохилии Тоҷикистону Қирғизистон ба сифати пасти колоҳои чинӣ рабт медиҳанд, ки бо нархи арзон аз ин кишвар ворид карда мешаванд. Ин дар ҳоле аст, танҳо 42 дарсади мардуми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълом кардаанд, ки тарафдори харидани маҳсулоти Иттиҳоди Аврупо ҳастанд.