Мирзиёев: Ба ройзании фаъол бо Толибон идома медиҳем
(last modified Wed, 01 Sep 2021 07:09:12 GMT )
Сентябр 01, 2021 12:09 Asia/Dushanbe
  • Мирзиёев: Ба ройзании фаъол бо Толибон идома медиҳем

Раиси ҷумҳурии Узбакистон гуфт, омодаи муқобила бо ҳар гуна таҳдид ҳастем ва аз марзҳои кишвар низ ҳифозат мешавад.

Ба гузориши «Форс», Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар ҳошияи сафар ба вилояти Навоии ин кишвар афзуд: Толибон тааҳҳуд доданд, ки ба Узбакистон ҳамла намекунанд, ҳатто як гулӯла ҳам ба тарафи Узбакистон шиллик намешавад. Барои таҳаққуқи ин ваъдаҳо бо Толибон гуфтугӯ мекунем.

Раиси ҷумҳурии Узбакистон ҳамчунин изҳор дошт, давлат барои рифоҳу осоиши мардум ҳамаи талоши худро мекунад.

Вай таъкид кард, ки Узбакистон гуфтугӯҳоро бо Толибон 2 соли пеш оғоз кардааст, он замон ҳеҷ кишваре бо онҳо робита надошт.

Мирзиёев ҳамчунин гуфт: Ҳамакнун Афғонистон ниёзманди кумак аст ва агар онҳо барои сулҳ талош мекунанд, мо ба онҳо кумак мекунем, бо қатор маводи ғизоиро, ки аз дигар кишварҳо ирсол мешавад, мунтақил ва саҳми худамонро ифо мекунем.