Сентябр 03, 2021 20:04 Asia/Dushanbe
  • Амрико муттаҳам ба тахриби фурудгоҳи Кобул

Толибон амрикоиҳоро ба тахриби бахши бузурге аз фурудгоҳи Кобул муттаҳам карданд.

Мавлавӣ Раҳматуллоҳи Гулзор, раиси Созмони ҳавопаймоии ғайринизомии Афғонистон гуфт, сарбозони Амрико пеш аз тарки Афғонистон 70 дарсад аз таҷҳизоти фурудгоҳи байналмилалии Ҳомид Карзай дар Кобулро тахриб карданд.

Раиси Созмони ҳавопаймоии Афғонистон афзуд, ҳар ҷо нерӯҳои амрикоӣ мустақар шуданд, чӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул ва чӣ соири фурудгоҳҳо, ибтидо зерсохтҳоро эҷод ва сипас онро ба таври комил тахриб карданд. Чизе барои афғонҳо боқӣ намонда, ки бихоҳанд аз он истифода кунанд.

Гулзор мизони хисорати воридшуда тавассути амрикоиҳоро даҳҳо миллион доллар арзёбӣ кард ва дар ташреҳи вазъияти ҳавопаймоии ғайринизомии Афғонистон гуфт, ин кишвар ҳамакнун фақат чаҳор ҳавопаймо дорад ва дар ду соли дигар умри муфиди ин ҳавопаймоҳо ба поён мерасад.

Даҳҳо сол ҷанги дохилӣ ва мудохилаи хориҷӣ дар Афғонистон аз мудохилаи низомии Шӯравӣ гирифта то мудохилаи низомии Амрико, зерсохтҳои ин кишварро нобуд кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп