Тавсеъаи равобит; меҳвари ройзании мақомоти Узбекистону Фаластин
(last modified Sun, 05 Sep 2021 05:25:16 GMT )
Сентябр 05, 2021 10:25 Asia/Dushanbe
  • Тавсеъаи равобит; меҳвари ройзании мақомоти Узбекистону Фаластин

Муовини вазири умӯри хориҷаи Узбекистон дар дидор бо ҳамтои фаластинӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фурқат Содиқов-муовини вазири умури хориҷаи Узбекистон ва Имод Заҳир-муовини вазири умӯри хориҷаи Фаластин ва мудири кулли Ожонси ҳамкориҳои байналмиллалии Фаластин ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд .
Муовини вазири умӯри хориҷаи Фаластин барои ҳузур дар чиҳилу шашумин нишасти Шӯрои мудирони гурӯҳи Банки тавсеаи исломӣ вориди шаҳри Тошканд шудааст .
Дар ин дидор чигунагӣ ва чашмандози тавсеаи равобити Узбекистону Фаластин ҳамкориҳои мутақобил дар чорчуби Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳо баррасӣ шуд .
Тарафайн алоқамандии худро барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ,иқтисодӣ, бозаргонӣ ва фарҳангӣ иброз доштанд .
Дар ин дидор ҳамчунин дар мавриди бархе мавзӯъоти байналмиллалӣ ва минтақаӣ низ табодули назар шуд .
Фаластин истиқлоли Узбекистонро 30 декабри соли 1991 милодӣ ба расмият шинохт.



Бештар бихонед :