Сентябр 05, 2021 10:56 Asia/Dushanbe
  • Эътирози хабарнигорону фаъолони маданӣ дар Кобул

Эътирози хабарнигорону фаъолони маданӣ дар Кобул ба хушунат гароид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шуморе аз занон барои дуюмин рӯз дар Кобул гирдиҳамоии эътирозӣ барпо карданд ва хоҳони тасбити ҳуқуқашон дар ҳукумати оянда шуданд .
Аммо ин эътироз замоне ба хушунат гароид ки эътирозкунандагон хостанд ба сӯи Кохи раёсати ҷумҳурӣ бираванд .
Ин занон, ки аз пули Маҳмудхон ба сӯи Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳаракат буданд, аз сӯи гурӯҳи Толибон муҳосира шуданд .
Толибон барои пароканда кардани муътаризон аз гази ашковар истифода карданд ва аз зӯру хушунат истифода карданд .
Озито Назимӣ-хабарнигор гуфт : Бисту панҷ сол пеш замоне, ки Толибон омаданд монеъ рафтанам ба мадраса шуданд, баъд аз панҷ соли ҳукуматашон дар ин бист сол дарс хондам ва заҳмат кашидам ба хотири ояндаи беҳтар. Мо ин дастовардро иҷоза намедиҳем, ки аз байн биравад .
Сурайё Шарифӣ аз фаъолони мадании Афғонистон ҳам гуфт : Замоне ки бо ҷамъе аз занон барои дифоъ аз ҳаққи худ ба сӯи Арг мерафтем, қабл аз расидан ба наздикии Арг, Толибон ба
 мо ҳамла карданд ва теъдоде аз занонро латукуб карданд.
Эътирозҳои ахир дар Кобулу Ҳирот пас аз он оғоз шуданд, ки Толибон эълом кард, ки занон наметавонанд дар мақомҳои болои ҳукуматӣ кор кунанд.

 

Барчасп