Сентябр 05, 2021 14:09 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҷанг дар вилояти Панҷшер; эҳтимоли вуқуъи ҷанги дохилии Афғонистон

Коршиносон аз эҳтимоли вуқуъи ҷанги дохилӣ дар Афғонистон хабар медиҳанд.

Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ набард байни неруҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат дар вилояти Панҷшер шаш рӯз аст, ки идома дорад .
Ҳар ду тараф иддао мекунанд, ки дар чанд рӯзи гузашта хисороти моливу ҷонии фаровоне ба ҳамдигар ворид карданд, аммо дар ҳоли ҳозир касби иттилооти дақиқ ва таъидшуда дар бораи даргириҳои Панҷшер душвор аст .
Толибон эълом карданд 4 сентябр ба Бозорак-маркази вилояти Панҷшер дар ҳудуди 100 километрии шимолу шарқии Кобул наздик шуданд .
Телевизиони Тулӯъ ба нақл аз Инъомуллоҳ Саманагонӣ,узви Комиссиюни фарҳангии Толибон эълом кард: Ниманизомиён навоҳии Шутул, Хунҷ ва Обшорро тасарруф кардаанд ва акнун дар бахши марказии Аноба ҳастанд .
Бо ин ҳол Фаҳими Даштӣ,сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон 5 сентябр дар Тветтери худ навишт : " Вилояти Панҷшер ба таври комил аз вуҷуди Толибон поксозӣ шудааст . "
Вай муддаӣ шуд ки " дасти кам ҳазор нафар аз аъзои Толибон асир шуданд .

Толибон ҳануз дар мавриди ин гузориш изҳори назар накардаанд .
Идомаи даргирӣ дар Панҷшер нигарониҳоро дар мавриди эҳтимоли вуқуъи ҷанги дохилӣ дар Афғонистон эҷод кардааст .

Атомуҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломӣ ва волии собиқи Балх ҳушдор дод, ки " Идомаи ҳамлаи Толибон ба Панҷшер мунҷар ба ҷангии дигар дар кишвар мешавад " .
Генерали амрикоӣ Марк Милли низ гуфт : " Арзёбии низомии ман ин аст, ки шароити имкони ҷанги дохилӣ дар Афғонистон эҷод шудааст .
 Ӯ афзуд : Ман намедонам ки оё Толибон метавонанд қудрати худро тасбит кунад ва давлат ташкил диҳад .

Милли гуфт ки агар онҳо натавонанд давлат ташкил диҳанд " дар се соли оянда фазо барои фаъолияти Алқоъида, ДИИШ ва ё дигар гурӯҳҳои террористӣ фароҳам мешавад.

 

Барчасп