Ҳамлаҳои паҳподии Покистон ба вилояти Панҷшери Афғонистон
Манобеи хабарӣ аз ҳамалоти паҳподии Покистон ба дараи Панҷшер хабар доданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ду манбаи вобаста ба Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер эълом карданд: Дар ҳамлаи паҳподии Покистон Фаҳими Даштӣ-сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон ба ҳамроҳи генерал Вадуд кушта шуданд .
Ба гуфтаи ин манбаъҳо дар набарди ахир дар Панҷшер, неруҳои вижаи покистонӣ, ки бо ин вилоят ошно ҳастанду нақшаи ин минтақаро доранд, ба сангарҳои неруҳои муқовимат аз ҳаво ҳуҷум овараданд .
Спутник бо баёни инки неруҳои вижаи Покистон ба Панҷшер ҳамла кардаанд, афзуд амалиёти Панҷшер дар шароите пайгирӣ мешавад, ки генерал Файз Ҳамид-раиси ниҳоди иттилоотии Покистон дар Кобул ҳузур дорад .
Бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба нақл аз Зиё Ориёнажод-намояндаи Саманагон дар порлумони собиқи Афғонистон хабари ҳамлаи паҳподии Покистон ба Панҷшерро таъйид карданд ва навиштанд: « Панҷшер бо паҳподҳои неруҳои ҳавои Покистон ва бо истифода аз бомбаҳои ҳушманд бомбаборон шудааст . »
Бар асоси ахбори мунташиршуда Фаҳими Даштӣ-сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар Панҷшер, ки хабари кушта шудани ӯ дар тветтҳое аз Аҳмад Масъуд-фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд ва генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ-вазири дифои собиқи Афғонистон таъйид шуда, ба ҳамроҳи генерал Вадуд-аз фармондеҳони панҷшерӣ дар минтақаи амн мавриди ҳамлаи паҳподҳои покистонӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла ҳар ду нафар кушта шуданд .
Бештар бихонед :
-
Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер иддао кард, ки минтақаи афсонавӣ дубора забт карда мешавад
-
Идомаи ҷанг дар вилояти Панҷшер; эҳтимоли вуқуъи ҷанги дохилии Афғонистон
-
Фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ҳузури Толибон дар Афғонистонро "фалокати башардӯстона" номид