Сентябр 07, 2021 16:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Аҳмад Масъуд бар идомаи муқовимат дар Панҷшер баробари Толибон

Бо вуҷӯди тасаллути гуруҳи Толибон дар вилояти Панҷшер, Аҳмад Масъуд, фармондеҳи мухолифони Толибон дар ин вилоят бар идомаи муқовимат муқобили ин гуруҳ таъкид кард.

Аҳмад Масъуд дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом кард, муқовимат дар Панҷшер барои иззат, саломат, истиқлол, озодӣ ва адолат дар Афғонистон оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад.

Масъуд афзуд, муқовимат дар Панҷшеру шаҳристони Андароб то охирин лаҳза ва барои арзишҳои Афғонистон идома меёбад ва мо дар канори бародарони худ буда ва аз ҳар гуна қиёми мусаллаҳона ё эътирозҳои мардумӣ ҳимоят мекунем.

Аҳмад Масъуд ҳамчунин аз мардуми Афғонистон хост муқобили Толибон қиём кунанд ва изъон кард, Панҷшер дар канори қиёмкунандагон истода ва садои онҳоро баланд хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Мавлавӣ Атоуллоҳ аз масъулони Толибон дар паёми савтӣ аз дарраи Панҷшер эълом кард, вилояти Панҷшер ба таври комил ба кантроли нерӯҳои Толибон даромада ва мардум бо итминон аз вазъияти мавҷуд, имрӯз бо берун омадан аз хонаҳои худ машғӯли касбу кор шуданд.

Толибон, ки 15 августи гузашта бо тасаллут бар Афғонистон, давлати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар Афғонистонро соқит кард, танҳо бар Панҷшер мусаллат набуд. Дар ҳафтаҳои ахир чанд даври гуфтугӯ байни ҳайати Толибон бо Аҳмад Масъуд, фармондеҳи мухолифони гуруҳи Толибон дар Панҷшер анҷом шуд, ки ин музокирот натавонист ба ҳалли мусолиматомези таниш байни ду тараф хотима диҳад.

Дар чунин шароите, нерӯҳои Толибон ва афроди Аҳмад Масъуд вориди даргирӣ шуданд ва дар ниҳоят ин гуруҳ тавонист кантроли Панҷшерро дар ихтиёр бигирад.

Бо тасаллути Толибон бар Панҷшер, иҳотаи ин гуруҳ бар кулли хоки Афғонистон такмил шуд ва дар ҳоли ҳозир муҳимтарин масаъла фарорӯи Толибон таҳаққуқи ваъдаи ташкили давлати фарогир дар ин кишвар бо мушорикати ҳамаи гуруҳҳо аст.

Бо вуҷуди онки Толибон бар Панҷшер мусаллат шудааст, аммо ба назар мерасад, ҳамчунон ин гуруҳ бо муқовиматҳое аз сӯи нерӯҳои тарафдори Аҳмад Масъуд дар ин минтақа дар рӯзҳои оянда мувоҷеҳ хоҳад буд.

Бояд тавваҷуҳ дошт, ки идомаи даргириҳо маҳдуди нерӯҳои Аҳмад Масъуд бо Толибон бо тавваҷуҳ ба тасаллути ин гуруҳ бар ин вилоят наметавонад барои Толибон чолиши ҷиддӣ бошад.

Бар ҳамин асос шароити мавҷӯд дар Панҷшер, наметавонад барҳамзанандаи вазъияти ғолиби Толибон дар Афғонистон бошад ва ин эҳтимол ба таври ҷиддӣ вуҷӯд дорад, ки даргириҳои пароканда дар ин минтақа бар асари мурӯри замон ба тадриҷ фурӯкаш мекунад ва ниҳоятан мардуми Панҷшер низ ҳамонанди мардуми дигар вилоёти ин кишвар ба ҳукӯмати Толибон барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ ва ҷанг тамкин хоҳанд кард.

Ин дидгоҳ вуҷӯд дорад, ки чунончӣ Толибон натавонанд мутобиқи ваъдаи худ заминае барои мушорикати ҳамаи ақвому гуруҳҳо дар арсаи сиёсатварзӣ дар Афғонистон фароҳам кунанд ва дарсадади иҷроӣ кардани тарҳи ташкили Аморати исломӣ дар ин кишвар бошанд, қатъан ҷомеъаи Афғонистон ба тадриҷ дар масири даври тозаи тақобул бо ин гуруҳ қарор хоҳад гирифт ва метавон пешбинӣ кард, ки дар ин сӯрат муҷаддадан Толибон барои кантроли авзоъ бояд ба хушунату силоҳ мутавассил шавад.

Бинобар ин Толибон барои онки муҷаддадан дар чархаи ботили хушунат ва ҷанг дар Афғонистон гирифтор нашавад бояд бистаре барои мушорикати ҳамаи мардум дар фароянди қудрат дар ин кишвар муҳайё кунад ва аз демократия нимбанди мавҷӯд фосила нагирад.

 

Барчасп