Ноябр 05, 2016 13:57 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ҳузури қирғизҳо дар даргириҳои Сурия ва Ироқ

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз коҳиши қобили таваҷҷуҳи сафари шаҳрвандони Қирғизистон ба манотиқи ҷангзадаи Сурия ва Ироқ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар охирин гузориши худ эълом кард, раванди азимати шаҳрвандони ин кишвар ба манотиқи ҷангии Сурия ва Ироқ дар соли 2016 ба таври қобили таваҷҷуҳ коҳиш ёфтааст. Бар асоси гузориши ин марказ, мушорикати фаъоли Русия ва Эрон дар Сурия ва аз тарафи дигар тадобири мақомоти амниятии Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз эъзоми шаҳрвандони ин кишвар ба манотиқ сабаби коҳиши ҷазби ин афрод ба гурӯҳҳои ифротӣ шудааст.

Жениш Аширбоев, сухангӯи пулиси вилояти Оши Қирғизистон гуфтааст, ниҳодҳои масъули мубориза бо ифротгароӣ бо шаҳрвандоне, ки аз манотиқи ҷангзада бозгаштаанд, гуфтугӯ ва талош кардаанд, то бо интишори филми худкушӣ ва ҳалокати шабҳинизомиёне, ки ба ДИИШ пайвастаанд, мардуми ин минтақаро огоҳ кунанд. Ӯ дар идома гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба охирин оморҳо дар соли 2016 ҳеҷ кас аз вилояти Ош ба Сурия нарафтааст.

Бар асоси иттилооти расмии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ҳудуди 600 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар сар аз соли 2013 ба Сурия рафтаанд, ки 70 нафари онҳо дар даргириҳои ин минтақа кушта шудаанд.