Ифттитоҳи нерӯгоҳи газии «Лабоб» дар Туркманистон
Нерӯгоҳи газӣ дар минтақаи «Лабоб»-и Туркманистон бо ҳамкории ширкатҳои ҷопонӣ роҳандозӣ шуд.
Ба гузориши Форс, Қурбонқулӣ Бурдимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон муваффақияти тарҳи муштараки сохти нерӯгоҳи газӣ дар устони Лабобро ба Нарухито, императори Ҷопон табрик гуфт.
Бурдимуҳаммадов бо ирсоли паёме ба императори ҷопон, роҳандозии муваффақиятомези нерӯгоҳи газӣ дар минтақаи «Лабоб»-и Туркманистонро, ки ба намоде дигар аз ҳамкориҳои муваффақи дуҷониба табдил шуда табрик гуфт.
Ин таъсисот на танҳо дар афзоиши тавонмандии энержии Туркманистон, балкӣ барои таъмини энержии пойдору қобили эътимод барои кулли минтақа, аз ҷумла Афғонистон аҳаммияти бисёре дорад.
Раисиҷумҳури Туркманистон дар паёми худ таъкид кард, ки ҳамкорӣ байни кишварҳои мо бар асоси усӯли эътимоду эҳтироми мутақобил ба нафъи мардумон идома хоҳад ёфт.