Ноябр 05, 2016 19:58 Asia/Dushanbe
  • Хатари нуфузи террористҳо дар Осиёи Марказӣ нигаронкунанда нест

Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, нуфузи террористҳо дар Осиёи Марказӣ нигаронкунанда нест, зеро давлатмардони кишварҳои минтақа дар баробари ҳар гуна иқдоми ин гурӯҳҳо барномаҳои хоссе маддиназар доранд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Нурсултон Назарбоев- раисиҷумҳури Қазоқистон, дар мусоҳиба бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, мавзуи нуфузи террористҳо дар Осиёи Марказӣ нигаронкунанда нест, зеро давлатмардони кишварҳои минтақа дар баробари ҳар гуна иқдоми ин гурӯҳҳо барномаҳои хоссе доранд.

Назарбоев ҳамчунин гуфт, дар ҳоли ҳозир Сурия ва Ироқ барои гурӯҳҳои террористӣ ноамн шуда ва дар муддати ахир ҳаракати ин гурӯҳҳо ба самти Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Раисиҷумҳури Қазоқистон дар посух ба ин савол, ки дар сурати таҷаммуи террористҳо дар Афғонистон вазъият дар кишварҳои ҳамсояи ин кишвар чигуна хоҳад шуд? посух дод, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ хатари ҷиддӣ барои кишварҳои минтақа аз ҷониби Афғонистон вуҷуд надорад, зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мубориза бо ин падида омодагии комил доранд.

Вай  гуфт, дар ҳоли ҳозир оромиши комил дар ин кишварҳо вуҷуд дорад ва ҷумҳуриҳои минтақа аз омодагии болое барои муқобила бо ҳар гуна таҳоҷум бархӯдор ҳастанд.

 Назарбоев таҳдидоти террористиро натанҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки барои дигар кишварҳои ҷаҳон низ дур аз эҳтимол донист ва афзуд, набояд ин гуна фикр кард, ки хатари иқдомоти террористӣ фақат барои кишварҳои заиф рух хоҳад дод, зеро ҳеҷ кишваре аз хатари ин падидаи шум дар амон нест.