Барномаи Узбекистон барои ҷазби 120 миллиард доллар сармоя
(last modified Sun, 12 Sep 2021 08:35:50 GMT )
Сентябр 12, 2021 13:35 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Узбекистон барои ҷазби 120 миллиард доллар сармоя

Раиси ҷумҳӯри Узбекистон аз барномаи ин кишвар дар 5 соли оянда барои ҷазби 120 миллиард дол¬лар сармоягузориҳои хориҷӣ хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шавкат Мирзиёев дар даҳумин конгресси Ҳизби либерал-демократии Узбекистон гуфт : Мо барои ироаи кумак ҷиҳати барқарории сулҳу сабот дар Афғонистон талош мекунем .

Вай афзуд : Мо албатта ҳамкорӣ дар сохти хати роҳи оҳани « Тирмиз - Мазори шариф - Кобул - Пешовар » ва ҳамчунин тарҳҳои роҳбурдӣ ва муҳим дар заминаҳои энержӣ, бозаргонӣ ва саноъатиро идома хоҳем дод .

Мирзиёев ҳамчунин изҳор кард : Узбекистон фаъолияти худро дар сохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид, созмонҳои байналмиллалӣ, минтақаӣ, иқтисодӣ, молӣ ва фарҳангӣ тақвият хоҳад кард. Ҳамчунин барои касби узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ва густариши равандҳои ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё гомҳои амалӣ бардошта хоҳад шуд .
Раиси ҷумҳӯри Узбекистон дар идома бо ишора ба ҷазби сармоягузориҳо ва ҳимоят аз содиркунандагон гуфт : Барномарезӣ мешавад дар 5 соли оянда барои иқтисоди Узбекистон 120 миллиард дол­лар, аз ҷумла 70 миллиард дол­лар сармоягузориҳои хориҷӣ ҷазб шавад .

Мирзиёев гуфт : Ҳамчунин барномарезӣ мешавад барои таъмини рушди иқтисоди Узбекистон роҳбурди ҷудогонаи ҷазби сармоягузориҳои хориҷӣ ва дохилӣ то соли 2026 тасвиб шавад . Дар чорчуби тарҳҳои мушорикати давлатӣ – хусусӣ дар 5 соли оянда муодили 14 миллиард дол­лар сармоягузорӣ барои заминаҳои ҳамлу нақл, сохту сози ҷодаӣ ва манобеи об ҷазб шавад .


Бештар бихонед :