Сентябр 14, 2021 09:55 Asia/Dushanbe
  • Нишасти муштараки сарони Созмони Шанхай ва СПАД бо меҳварияти Афғонистон

Барои бори нахуст дар шаҳри Душанбе нишасти муштараки сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба манзури баррасии авзои Афғонистон баргузор мегардад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин нишасти муштараки рӯзи 17 сентябри соли ҷорӣ бо ҳузури сарони кишварҳои узви доим ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай ва СПАД баргузор мегардад, дар бораи авзои Афғонистон ва тадвини роҳбурди ин ду созмон дар бораи ин кишвар баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Ин нишаст ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси давраии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти ҷамъӣ баргузор мегардад.

Дар нишасти ҷудогонаи сарони кишварҳои узви СҲШ, ки ба муносибати 20 -умин солгарди таъсиси он баргузор мегардад, раиси ҷумҳурии Чин ва нахуствазири Ҳинд аз тариқи иртиботи тасвирӣ суханронӣ ҳоҳанд кард.

Ширкат ва суханронии бақияи сарони кишварҳои узви доим ва нозирони созмон дар нишасти Душанбе ҳузурӣ хоҳад буд.