Сохти филми синамоӣ бо ҳамкории ҳунармандони тоҷик ва ӯзбак
Синамогарони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бо мавзӯи дӯстии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ филм месозанд.
Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», сохти ин филм бо унвони рамзи дӯстии мардумони тоҷик ва ӯзбак дар сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар июни соли ҷорӣ тавофуқ шуд.
Дар чорчӯби тарҳи тавлиди муштараки филми синамоӣ дар бораи дӯстии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ гурӯҳе аз синамогарони тоҷик бо сафар ба шаҳри Самарқанд, дар дидор бо ҳамтоёни ӯзбакистонии хеш дар бораи интихоби маконҳои тасвирбардорӣ баҳсу табодули назар карданд.
Ҳамчунин ин мавзуъ дар дидор бо устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва устодони гуруҳи таърихи ин донишгоҳ ҳам баррасӣ шуд.
Алишер Навоӣ дар бештари осори худ Ҷомиро устоди азизи худ қаламдод мекунад.
Ӯ бисёре аз осори худро ба машварату маслиҳати Ҷомӣ навишта, аз ҷумла «Фарҳоду Ширин», «Сабъаи сайёра», «Садди Искандарӣ» дар ҳар кадом аз инҳо амир бахше ё фаслеро ба ситоиши Ҷомӣ ихтисос додааст.
Ҷомӣ низ бисёре аз китобҳояшро ба дархости Алишер навишта ё тақдим кардааст.