Сентябр 15, 2021 10:18 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Чин ба Қирғизистон

Маҳмулае дигар аз кумакҳои башардӯстонаи Чин вориди Қирғизистон шуд.

Ба гузориши «Форс», маҳмулаи башардӯстонаи дигари Чин, шомили таҷҳизоти беҳдоштӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Манас ворид шуд.

Ин маҳмула аз минтақаи худмухтори Син Киёнги уйғури Чин ирсол шуд.

Дар ростои равобити мушорикати роҳбурдии Чин ва Қирғизистон ва ҳамчунин ба муносибати бузургдошти сиюмин солгарди истиқлоли Қирғизистон, ин кумакҳои башардӯстона ба ин кишвар ирсол шудааст.

Улуғбек Бектоганов, муовини вазири беҳдошт ва тавсеаи иҷтимоии Қирғизистон ин кумакҳоро, ки шомили москҳои якбормасрафи пизишкӣ ва 3 миллион моски пизишкии N95 - 100 ва 20 ҳазор адад либоси муҳофизатӣ эълом кард.

Вай бо ишора ба аҳамияти мусоидати тарафи чинӣ дар мубориза бо Ковид - 19 хотирнишон кард: Итминон дорам, ки таҷҳизоти беҳдоштии эҳдошуда ба коҳиши густариши Ковид - 19 дар байни коркунони пизишкӣ ва мардум кумак хоҳад кард.