азоқистон ба Тоҷикистон кумаки низомӣ
Лоиҳаи қонуни Қазоқистон дар бораи интиқоли ройгони силоҳ аз ин кишвар ба Тоҷикистон барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод шудааст.
Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон،Дар ин бора раиси кумитаи умури байналмилалӣ ва дифои порлумони Қазоқистон Ойгул Куспан хабар дод.
эРаиси порлумони Қазоқистон Нурлан Нигматуллин гуфтааст, лоиҳаи қонун «Тасвиби созишнома байни ҳукуматҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар бораи мусоидати техникию низомӣ барои таъмини амният дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон» номгузорӣ шудааст.
Ба гуфтаи Куспан, созишномаи мазкур 12 июли соли 2021 дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ба имзо расидааст.
«Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки ройгони техникӣ ва низомӣ мерасонад. Комиссия омодааст, хулосаҳои худро роҷеъ ба лоиҳаи қонун баён кунад», — изҳор дошт вай.