Интиқоди коршиноси қирғиз аз шеваи баргузарии интихоботи порлумонӣ
Коршиноси сиёсии қирғиз бо ишора ба интихоботи порлумонии ояндаи ин кишвар нисбат ба сохтору раванди ҷадиди баргузории он интиқод кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Игор Шестяков-коршиноси сиёсии Қирқизистон гуфт : Чолишҳои хосе вуҷуд дорад ва суолоти бисёре аз коршиносон дар мавриди интихоботи оянда беҷавоб мондааст .
Вай афзуд : Ин система бисёр маҳбуб аст, пас аз баргузории интихоботи порлумонии соли гузашта ва пас аз инки ин интихобот зиндагии моро тағйир дод, бояд бифаҳмем чигуна аз ин фарояндҳо ҷилавгирӣ кунем то фарояндҳои интихоботӣ ба фарояндҳои мухарриб табдил нашаванд.
Коршинос гуфт : Мо акнун ҳавзаҳои такнамояндагӣ дорем; ин табиӣ аст . Дар ин маврид ба вижа дар даврони ҳамагирӣ матолиби зиёде навишта шудааст. Аммо суолоти хосе дар мавриди ин система вуҷуд дорад.
Коршиносон қаблан хотирнишон карданд, ки мушаххас нест чӣ гуна порлумони ҷадид ташкил мешавад .
Ҳамчунин гуфта шуд ки сарватмандтарин намояндагони порлумон интихоб хоҳанд шуд . Ба зудӣ интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон дар 28 ноябр бар асоси як системаи тарҷеҳӣ баргузор мешавад .
Асли система ин аст, ки раъйдиҳанда бояд як интихоби дугона анҷом диҳад ;дар як сандуқи номзад дар ҳавзаи интихобия такнамояндаи худро дорад ва дар сандуқи дигар як номзад дар як ҳизби сиёсии дигар, ки ниҳоятан коршинос дар ин мавриди тасмимгирӣ мекунад.