Сентябр 20, 2021 10:17 Asia/Dushanbe

Ишғолгарони амрикоӣ як рӯз қабл аз хурӯҷи комили худ аз Афғонистон як ҳамлаи паҳподӣ анҷом доданд ва ин ҳамла боиси кушта шудани ғайринизомиёни зиёде шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, аъзои хонаводаи қурбониёни ҳамлаи паҳподии Амрико бист рӯз пас аз ҳамла дар  атрофи фурудгоҳи Кобул мегӯянд,ки дар як лаҳза ҳавлии кучаки хонаи онҳо пур аз ҷасад шуд, Самия-кучактарин узви хонавода буд, ки фақат ду сол дошт, ки қурбонии ҳамлаи паҳподии низомиёни Амрико дар Кобул шуд .