Сентябр 21, 2021 14:22 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи як тоҷик ба иттиҳоми убури ғайримуҷози марз дар Қирғизистон

Додгоҳи шаҳри Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон як тоҷики табааи Русияро ба иттиҳоми убури ғайримуҷози марз 230 ҳазор сом ҷарима ва ҳукми ихроҷи вайро содир кард.

Ба гузориши сомонаи АКИ Пресс, Фаррух, ки тайи 2 соли ахир дар Русия  зиндагӣ мекард, ба даъвати яке аз дӯстони қирғизи хеш марзи байни ноҳияи Исфара ва вилояти Ӯши Қирғизистонро убур кардааст, ки боздошт ва пас аз муҳокима дар додгоҳ маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ ва ихроҷ шудааст.

Вай дар додгоҳ гуфтааст, ки дар бораи вазъи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон итилое надошта ва намедонист, ки марзи муштараки ду кишвар баста мебошад.

Марзи 970 километрии муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон пас аз даргирии хунини рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ баста шудаву парвози ҳавопаймоҳо ва ҳаракати васоили нақлияи ду кишвар низ қатъ гардида аст.

 

Бештар бихонед: