Сентябр 24, 2021 21:49 Asia/Dushanbe
  • Даргирии дубораи марзӣ ва иттиҳомзании мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон якдигарро ба латукӯби донишомӯзон муттаҳам карданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Камолиддин Собиров, мудури мактаби шаҳраки Сомониёни ноҳияи Исфара гуфт: 23 сентябри соли ҷорӣ қирғизҳо донишомӯзони синфҳои 10 ва 11 ин шаҳракро бо партоби санг захмӣ карданд.

Ҳамчунин қирғизҳо як сокини ин шаҳракро, ки ба дифоъ аз ин донишомӯзон бархоста буд, ба ҳамроҳи хонаводааш мавриди латукӯб қарор доданд.

Аммо мақомоти Қирғизистон муддаӣ шуданд, марзбонони тоҷик бо вуруд ба ноҳияи Лайлак, ду донишомӯзи қирғизро бо худ ба ноҳияи Исфара бурданд.

Мақомоти навоҳии Исфара ва Ботканд ва раисони полиси маҳаллӣ барои ҳалли ин муноқиша бо якдигар музокира карданд. Ҳанӯз аз натиҷаи музокира хабаре мунташир нашудааст.

 

Бештар бихонед: