Ниҳоӣ шудани тавофуқномаи аломатгузории навоҳии марзии Тоҷикистон ва Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i74578-Ниҳоӣ_шудани_тавофуқномаи_аломатгузории_навоҳии_марзии_Тоҷикистон_ва_Узбакистон
Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон то поёни соли ҷорӣ тавофуқномаи аломатгузории хутути марзиро имзо мекунанд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Сентябр 28, 2021 13:25 Asia/Dushanbe
  • Ниҳоӣ шудани тавофуқномаи аломатгузории навоҳии марзии Тоҷикистон ва Узбакистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон то поёни соли ҷорӣ тавофуқномаи аломатгузории хутути марзиро имзо мекунанд.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, ин матлаб пас аз музокироти 7 рӯзаи гуруҳҳои кории ду кишвар дар шаҳри Самарқанд эълом шуд.

Мақомоти вазоратхонаи умури хориҷа, марзбонӣ, идораи нақшабардорӣ ва заминшиносии Тоҷикистон ва Узбакистон дар коргурӯҳи аломатгузории марзӣ узв ҳастанд.

Гуфта мешавад, намояндагони ду кишвар дар бораи таъйини ниҳоии хутути марзӣ ва аломатгузорӣ тавофуқ кардаанд.

Ҷаласаи баъдии ин коргурӯҳ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тоҷикистон ва Узбакистон ҳазору 322 километр марзи муштарак доранд.

 

Бештар бихонед: