Қазоқистон раиси ҷадиди маҷмаи парлумонии кишварҳои туркзабон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i74714-Қазоқистон_раиси_ҷадиди_маҷмаи_парлумонии_кишварҳои_туркзабон
Даҳумин иҷлоси маҷмаи парлумонии кишварҳои туркзабон ба мизбонии Қазоқистон баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Сентябр 30, 2021 19:45 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон раиси ҷадиди маҷмаи парлумонии кишварҳои туркзабон

Даҳумин иҷлоси маҷмаи парлумонии кишварҳои туркзабон ба мизбонии Қазоқистон баргузор шуд.

Даҳумин иҷлоси маҷмаи парлумонии кишварҳои туркзабон ба мизбонии Қазоқистон дар шаҳри Туркистони ин кишвар баргузор ва дар поёни он раёсати давраии он ба Нурсултон вогузор шуд.

Ба гузориши “Форс”, дар чорчӯби ин нишаст намояндагони парлумонҳои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркия гирдиҳам омаданд.

Ҳамчунин барои ширкат дар ин иҷлос намояндагони ниҳодҳои қонунгузории Узбакистон ва Маҷористон даъват шуда буданд.

Дар нишасти умумӣ, ки ба муносибати даҳумин даври баргузории ин маҷмаъ баргузор шуд, бахшҳои авлавиятдори ҳамкории бештар байни кишварҳои ширкаткунанда баррасӣ шуд.