Октябр 02, 2021 21:01 Asia/Dushanbe
  • Фиристодани нерӯҳои“Толибон”,ба минтақаи марзии Ишкошим

“Толибон” ба минтақаи марзии Ишкошим нерӯ мефиристанд.

"Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз як манбаи хабарии Осиёи Марказӣ иқтибос меорад"Ҳарчанд мақомоти “Толибон” мегӯянд, ҳадафи онҳо аз фиристодани чунин нерӯҳо ба марзи Тоҷикистон танҳо дифоъ аз қаламрави Афғонистон аст, таъкид бар маргталабии ин дастаҳо метавонад, таҳдид ба амнияти Тоҷикистон бошад. 

Ва пештар гуфта шуд, ки дастаҳои худкуши “Толибон” ба се вилояти ҳаммарзи Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин иддаоро “воҳимапароканӣ” номиданд вахабаргузории  ба нақл аз манбаъи худ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфт, ҳеч гуна таҷаммуи неруҳои “Толибон” дар марзи Тоҷикистон ба мушоҳида нарасидааст.

“Мо ҳама чизеро, ки дар кишвари ҳамсоя ва дар сарҳадҳои мо рух медиҳад, бодиққат дунбол мекунем. Тибқи иттилои хадамоти махсуси Тоҷикистон, ҷамъомад ва ҳаракати ҷангҷӯёни “Толибон”, ки дар Тоҷикистон мамнуъст ва гурӯҳҳои дигар дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҷой надорад,”-  дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон.
Вале ҳаракати чунин неруҳо ба ноҳияи Ишкошими Афғонистон метавонад ҳадафи дигар низ дошта бошад. Дар ин ҷо, бевосита дар наздикии марзи Тоҷикистон ва пул бар фарози рӯди Панҷ зиёда аз 2000 паноҳҷӯ ҷамъ омадааст, ки мехоҳанд, Тоҷикистон ба онҳо паногоҳ диҳад. Рӯзи 2 октябр яке аз онҳо ба гуфт, рӯзи гузашта ҷангиёни “Толибон” ин паноҳандагонро, ки асосан занону кӯдакон ва солмандон мебошанд, ҳушдор дод, ки ба маконҳои худ дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон баргарданд.
Маълумоти бештар:

Барчасп