Октябр 03, 2021 11:16 Asia/Dushanbe
  • Машқи маллоҳони неруи баҳрии Қазоқистон дар Хазар

Неруи баҳрии Қазоқистон дар баҳри Хазар машқи низомӣ мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз АКИ пресс, дар ин тамринот ки дар маҳдудаи обии ин кишвар дар баҳри Хазар баргузор мешавад, гуруҳе аз киштиҳои мушакӣ ва тупхонаии « Арал », «Сярка», «Мангистао», «Алатао» ва киштии ҷуғрофиёии “Жайк»неруи баҳрии Қазоқистон ҳузур хоҳанд дошт .
Ин тамринот то 8 октябр идома дорад .
Дар ин тамрини низомӣ маллоҳони неруи баҳрии Қазоқистон ба самти аҳдофи ҳавоӣ, обӣ ва шиновар шиллек хоҳанд кард.
Ҳадаф аз баргузории ин тамрини низомӣ афзоишги маҳоратҳои амалии неруии баҳрии Қазоқистон эълом шудааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп