Қарзи Сандуқи эътибории исломӣ ба Туркманистон
(last modified Mon, 04 Oct 2021 07:41:48 GMT )
Октябр 04, 2021 12:41 Asia/Dushanbe
  • Қарзи Сандуқи эътибории исломӣ ба Туркманистон

Сандуқи эътибории исломӣ ба Туркманистон қарз пардохт мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Туркманистон аз ширкати байналмиллалии тиҷорати исломӣ ( ITFC ) вобаста ба Бонки тавсеаи исломӣ барои иҷрои тарҳҳои иҷтимоӣ дар дохили кишвар қарз дарёфт мекунад .
Сардор Бердимуҳаммадов-муовини нахуствазир дар ҷаласаи давлат гуфт : Ҳамчунин як тавофуқнома байни Туркманистон ва Сандуқи тиҷорати исломӣ имзо мешавад.
Пеш аз ин Бонки тавсеаи исломӣ дар сохти коридори ҳамлу нақлу иртибототи Шимол ба Ҷануб ва ҳамчунин навсозии зерсохтҳои ҳамлу нақли Туркманистон сармоягузорӣ карда буд .
Сандуқи эътибории исломӣ соли 2008 барои тавсеаву густариши тиҷорат дар Созмони ҳамкории исломӣ таъсис шуд .
Дафтари марказии ин созмон дар шаҳри  Ҷиддаи Арабистони саъӯдӣ аст .