Туркманистон содироти барқ ба Афғонистонро идома медиҳад
Октябр 07, 2021 21:00 Asia/Dushanbe
Туркманистон содироти нерӯи барқ ба Афғонистонро тибқи қарордодҳои мавҷуда идома медиҳад.
Бино ба иттилои Радиои "Садои Хуросон",ширкати энержии Афғонистон (DABS) ба Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон нома фиристода ваъда додааст, ки қарзро бармегардонанд ва аз онҳо хостаанд, ки интиқоли барқ ба Афғонистонро қатъ накунанд.
Ба иттилои манобеи туркман, ҳукумати Афғонистон ваъда додааст, ки қарзро бармегардонад, ҳарчанд ин кишвар барои воридоти нерӯи барқ ҳар моҳ 25 миллион доллар пардохт мекунад.
Рӯзи 26 август Вазорати умури хориҷии Туркманистон хабар дод, ки Ишқобод интиқол ва содироти барқ ба Афғонистонро тибқи қарордодҳои мавҷуда идома медиҳад.
Барчасп