Октябр 09, 2021 11:58 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъӯлияти ҳамла ба масҷиди шиъаёни Афғонистонро бар уҳда гирифт

Гуруҳи террористии ДИИШ ҷумъашаб дар баёнияе масъӯлияти ҳамлаи террористӣ ба масҷиди шиъаён дар вилояти Қундӯзи Афғонистонро бар уҳда гирифт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, як омили маргталаб зуҳри ҷумъа худро дар миёни намозгузорон дар масҷиди Сайидобод дар минтақаи Хонободи вилояти Қундузи Афғонистон мунфаҷир кард, ки бар асари ин ҳамлаи террористӣ  камаш 50 намозгузор шаҳид ва беш аз 100 нафари дигар захмӣ шуданд.
Ин ҳамлаи террористӣ ҳангоми барпоии намози ҷумъа дар ин масҷид рух дод .
Инфиҷори террористӣ дар масҷиди шиъаён дар вилояти Қундуз пас аз он сурат гирифт, ки гуруҳи Толибон муддаӣ шуд гуруҳи террористии ДИИШ таҳдиди ҷиддӣ барои Афғонистон нест .
Ҳамлаи гуруҳи террористии ДИИШ ба масҷиди шиъаён дар вилояти Қундузи Афғонистон бо маҳкумияти густардаи байналмиллалӣ ва дохилӣ рӯбарӯ шудааст.
Саиди Хатибзода-сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрони асри ҷумъа бо маҳкум кардани ин ҳамлаи террористӣ таъкид кард: Иқдомоти террористӣ дар ҳар шакл ва тавассути ҳар тарафе маҳкум аст.



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп