Ноябр 08, 2016 14:04 Asia/Dushanbe
  • Отамбоев: Амрико дар бораи интихоботи Қирғизистон изҳори назар накунад

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо ишора ба воқеияти хариди раъй дар интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурии Амрико гуфт, Вашингтон салоҳияти изҳори назар дар бораи интихоботи Қирғизистонро надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Алмос‌бек Отамбоев дар посух ба саволи хабарнигорон дар хусуси интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва гуфтаҳои Трамп афзуд: “Кандидатҳои интихоботӣ дар Амрико хоста ё нохоста савобиқи якдигарро дар ҳамкорӣ бо манобеи молии номушаххас ифшо карданд ва ин амр нишондиҳандаи хариди раъй аст”.

Отамбоев афзуд, Қирғизистон дар давраи қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ тавонист интихоботи шаффофу одилонае баргузор кунад ва намояндагони нозири Иттиҳодияи Аврупо низ ин воқеиятро таъйид карданд ва муътақиданд, ки дигар кишварҳои минтақа бояд аз Бишкек улгӯ бигиранд.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, пас аз зикри ин воқеиятҳо, чӣ тавр созмонҳои ғайридавлатии амрикоӣ дар Бишкек метавонанд ба Қирғизистон равишҳои баргузории дурусти интихоботро ёд бидиҳанд?

Ба гуфтаи Отамбоев, дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ бо истифода аз фанноварии ҷадиди электронӣ баргузор мешавад, ки эҳтимоли тақаллуб дар ин равиш тақрибан сифр аст.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон қарор аст дар сентябри 2017 баргузор шавад, ки дар ин робита созмонҳои ғайридавлатии тарафдори Ғарб аз ҳамакнун фаъолиятҳои худро барои таъсиргузорӣ бар фазои интихоботии ин кишвар оғоз кардаанд.