Ифтитоҳи “Хонаи тиҷорати Тоҷикистон ва Узбакистон” дар шаҳри Душанбе
“Хонаи тиҷорати Тоҷикистон ва Узбакистон” дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.
Ба гузориши АКИ Пресс”, “Хонаи тиҷорати Тоҷикистон ва Узбакистон” дар шаҳри Душанбе бо ҳузури Эргаш Шоисматов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон ва Саидисматулоҳ Валиев, мудири кулли ширкати тоҷикии “Ориён Инвест” ифтитоҳ шуд.
Ҳадаф аз таъсиси “Хонаи тиҷорат” эҷоди бархе имконот барои туҷҷор, таблиғи колоҳову анвои хадамот дар Тоҷикистон бо ҳадафи густариши бештари фаъолияти ширкатҳои тавлидии Узбакистон эълом шудааст.
Дар бахше аз “Хонаи тиҷорат” –и ду кишвар ширкатҳои узбакистонӣ маҳсулоти тавлидии худро шомили масолеҳи сохтмонӣ, мебел, лавозими кӯдаку ошпазхона ва маҳсулоти ғизоӣ барои фурӯш арза мекунанд.
Бештар бихонед:
- Имкони азсаргирии ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон
- Ҳамкории филмсозони Тоҷикистон ва Узбакистон