Ҳамкории порлумонӣ меҳвари ройзании мақомоти Узбекистону Иттиҳодияи Аврупо
(last modified Mon, 18 Oct 2021 07:13:22 GMT )
Октябр 18, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории порлумонӣ меҳвари ройзании мақомоти Узбекистону Иттиҳодияи Аврупо

Раиси маҷлиси Сенати Узбекистон ва намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Тошканд чигунагӣ ва чашмандози тавсеъаи равобити дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои байнипорлумониро баррасӣ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Танзила Норбоева-раиси Сенати Узбекистон ва Шарлот Адриён-намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Тошканд  мулоқот карданд .
Тарафи аврупоӣ зимни арзёбии мусбат аз ислоҳоти дар дасти анҷом дар Узбекистон, аз тамоюли ин кишвар ба ҳамкориҳои байналмиллалии наздиктар, эҷоди шароит барои сармоягузорӣ ва рушди иқтисодӣ истиқбол кард .
Ба гуфтаи ширкаткунандагон касби мақоми кишвари зинафъи системаи умумии тарҷеҳот ( GSP + ) тавассути Узбекистон, эътироф ба ислоҳоти дар дасти анҷом дар ин кишвар дар беҳбуди фазои бозаргонӣ аст .
Дар ин дидор тарафи аврупоӣ гузорише дар мавриди 3 ҷанбаи муҳими ислоҳоти Иттиҳодияи Аврупо барои солҳои 2021-2027 дар ихтиёри тарафи узбек қарор дод .