Барқарории ҳаракати автобусҳо байни Тоҷикистон ва Узбакистон
Октябр 19, 2021 13:58 Asia/Dushanbe
Ҳаракати автобусҳо байни Узбакистон ва Тоҷикистон азсар гирифта шуд.
Анвар Ғиёсов, намояндаи ширкати ҳамлунақли «Азиан Экспресс» гуфт: Ҳаракати автобус дар масири «Хуҷанд - Тошканд - Хуҷанд» як бор дар рӯз барномарезӣ шудааст.
Вай афзуд: Дар сурати афзоиши теъдоди мусофирон, рейси автобус ба ду то се мартаба дар рӯз афзоиш хоҳад ёфт.
Ғиёсов гуфт: Барои убур аз марз мусофирон бояд гувоҳии ваксинатсия алайҳи Ковид - 19 ва ё баргаи саломати озмоишгоҳ дошта бошанд.
Намояндаи ширкати ҳамлунақли «Азиан Экспресс» ҳазинаи сафари як тарафаро 100 сомонӣ (ҳудуди 9 доллар) эълом кард.
Барчасп